Гурӯҳе аз сокинони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар номае аз ҳукумат хостаанд, ки интиқол ва фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ё алкоҳолӣ ба ин вилоятро ҷиддӣ назорат кунанд. Дар ин нома, ки нусхаи он рӯзи 31-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид, хоста шудааст, “сарзамини Кӯҳистони Бадахшон минтақаи озод аз машруботи алкоҳолӣ эълон шавад.”
Муаллифони нома сабаби назорати машруботи спиртӣ ва манъи фурӯши он дар вилояти Бадахшонро шарҳ надоданд, вале сокинон мегӯянд, сатҳи майхорагӣ дар ин вилоят афзоиш ёфтааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар як нишасти ахир дар Бадахшон аз афзоиши майхорагӣ нигаронӣ карда буд. Вай аз халифаҳо, ки дар ин вилоят мақоми имомхатибонро иҷро мекунанд, хоста буд, то дар самти коҳиши майхорагӣ ва ҷиноятҳои дигар кумак кунанд.
Соли гузашта Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз воридоти маҳсулоти пастсифати спиртӣ ба минтақа изҳори нигаронӣ карда буд.