Раҳбари Идораи истихбороти ИМА Майк Помпео дахолати Русия дар интихоботи миёндаврии Амрико ба Конгрессро соқит намекунад. Моҳи ноябр Ийолоти Муттаҳида ба палатаи намояндагон ва сеяки Сенат вакил интихоб мекунад. Помпео рӯзи 29 январ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии BBC гуфт, ки Русия чун пештара мехоҳад ба натиҷаи интихоботҳо дар Амрико ва Аврпуо таъсир гузорад.
Раҳбари Идораи истихборот Русияро кишвари хасмона арзёбӣ кард ва гуфт, ки фаъолияти истихбороти Русия дар ғарб коҳиш наёфтааст. Помпео изҳори умедворӣ кард, ки бинобар амалкардҳои ҷомеаи истихбороти Ийолоти Муттаҳида Русия наметавонад ба натиҷаи интихоботҳо "таъсири ҷиддӣ" гузорад. Помпео ҳамчунин аз афзоиши таҳдидҳои Чин дар робита ба ҳамлаҳои киберӣ ва ҷосусии саноатӣ ёдовар шуд.
Ба маълумоти истихбороти ИМА, ду сол пеш Русия барои таъсиргузорӣ ба интихоботи Амрико талош кард. Маскав дахолат ба умури интихоботи ИМА ва давлатҳои дигарро рад мекунад.