Маркази гармидиҳии Бишкек ба сардиҳо тоб наовард

Маркази гармидиҳии Бишкек

Дар пайи садамаи ахир дар маркази гармидиҳии Бишкек ҳарорат дар низоми гармидиҳӣ поин рафта, манзилҳои зист ва муассисаҳои иҷтимоӣ то ба 14-15 дараҷа сард шуд. Ҳамзамон интиқоли оби гарм ҳам қатъ шудааст.

Табибони бештари дармонгоҳ ва бемористонҳои пойтахти Қирғизистон ба далели сард будани утоқҳо қабули беморонро қатъ карданд. Ба таваллудхона ва бемористонҳои ёрии таъҷилӣ дастгоҳҳои гармидиҳии интиқол ёфтанд.

Рӯзи 27 январ дар Маркази гармидиҳии Бишкек барои ба эътидол даровардани ҳарорати оби низом дастгоҳҳои иловагиро ба кор дароварданд, вале ин ҳам кӯмак накард.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ҳукумати кишвар дастур дод, ки сабабҳои қатъ шудани интиқоли оби гарм санҷида шавад. Ӯ ҳамчунин ба сокинон барои таҳаммулли ҳавои сард миннатдорӣ баён кард.

Маркази гармидиҳии Бишкекро ширкатҳои чинӣ солҳои 2014-2017 бо харҷи 386 миллион доллар бозсозӣ карданд. Вале ин марказ натавонист як зимистонро пушти сар кунад.

Рӯзҳои ахир ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бишкек то ба 25-30 дараҷа сард шуда, бино ба гуфтаи ҳавошиносон, ин ҳолат то 30 январ идома хоҳад ёфт.