Чор терминали қабулкунандаи пардохтҳо ҷарима шуданд

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон чаҳор терминали пардохти ҳаққи пули телефонро барои пешниҳоди маълумоти нодуруст 40 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст. Терминалҳои “Пардохт Тҷ”, “Леваканд тиҷорат”, “Пайванд” ва “Пардохти фаврӣ” дар ҳоле ҷаримабандӣ шудаанд, ки ба гуфтаи хадамоти зидиинҳисорӣ ин ширкатҳо талаботи моддаи 553 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро поймол кардаанд.

Ин терминалҳо ҳангоми гузарондани маблағ ба тавозуни муштариёни телефонҳои мобилӣ аз 3 то 10 фоиз ҳаққи хизмат ситондаанд. Дар ҳоле ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳанӯз моҳи феврали соли 2017 бо ирсоли мактуби расмӣ аз ширкатҳо талаб карда буд, ки ситондани фоизро аз муштариён қатъ кунанд. Дар баъзе кӯчаву хиёбони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон терминалҳои пардохти электронӣ фаъол аст. Сокинон тавассути ин терминалҳо ба ҳисоби телефони худ пул мегузаронанд.

Баҳори соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор терминалҳои пардохти электрониро аз гирифтани фоиз ё ҳаққи хидмат аз муштариён манъ кард. Аммо моликони терминалҳои пардохти электронӣ аз ҳукумат талаб карданд, ки ин қарори худро бекор кунад. Ба дунбол ҳудуди 4 ҳазор терминали пардохти электронӣ дар саросари кишвар бо сабаби зараровар будан, аз кор монд.