Доналд Трамп хост, ҳама ба зидди Толибон бархезанд

Доналд Трамп

Баъди ҳамлаи хунини Толибон, ки дасти кам 95 нафарро дар шаҳри Кобул кушт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз тамоми кишварҳо хост, ба зидди ин гурӯҳ қотеона амал кунанд.

Ӯ рӯзи 27-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфт, “Ман ин бомбгузории нафратангез дар Кобулро, ки даҳҳо ғайринизомии бегуноҳро куштаву маҷрӯҳ кард, маҳкум мекунам. Ин ҳамлаи разилона азми мо ва шарикони афғони моро қавитар мекунад.”

Вай афзуд: “Ҳоло бояд тамоми кишварҳо ба зидди Толибон ва сохторҳое, ки ба онҳо кӯмак мекунанд, қотеона амал кунанд. Зулми Толибон пирӯз намешавад”.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар натиҷаи таркиши мошини ёрии таъҷилӣ дар як маҳалли серодами шаҳри Кобул дар рӯзи 27-уми январ 95 нафар кушта ва 158 тани дигар захмӣ шуданд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки бомбгузорӣ кори дасти онҳост. Таркиш дар майдони Садоқат, дар назди идораҳои давлатӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ ва мағозаҳо ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи мақомот, бомбгузорон мошини ёрии таъҷилиро истифода карданд, то тавонанд аз посгоҳҳои амниятӣ гузашта ба инҷо бирасанд.