Воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ба Тоҷикистон манъ мешавад

Чанд вазорату идораҳои давлатӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005-ум ба кишвар манъ карда шавад.

Саидусмон Судуров, як масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, рӯзи 25-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ин пешниҳод айни замон дар баррасии ҳукумат қарор дорад. "Дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, аз 1-уми апрели имсол воридоти мошинҳое, ки истеҳсолашон то соли 2005-ум аст, манъ хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Судуров дар шарҳи зарурати ин иқдом гуфт, мошинҳои истеҳсолашон куҳна дуди ғализ содир карда, ҳаворо бештар олуда мекунанд, ки ба саломати сокинон зиён дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон низ соли 2017 барои ҳавасманд кардани сокинон барои харидани мошинҳои нав боҷи гумрукии ин гуна мошинҳоро 50 дарсад кам карда буд.