Дар таваққуфгоҳҳои Ишқобод мондани мошинҳои кӯҳна манъ шуд

Дар таваққуфгоҳҳои ҷамъиятии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон гузоштани мошинҳои куҳна ё дорои нуқси техникиро манъ карданд. Аз ҷумла мошинҳоеро, ки аз онҳо равған мерезад, иҷборан аз таваққуфгоҳ берун хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти пойтахти Туркманистон истифода ва ҳаракати мошинҳои сиёҳро дар роҳҳои шаҳр манъ карданд.

Ба гуфтаи хабарнигоро аз Ишқобод Амонмурод Бугаев, раҳбарони маъмуриятҳои ноҳиявию шаҳрии Ишқобод 22 январ аз тамоми таваққуфгоҳҳои пулакӣ боздид карда, дар ин бобат ба масъулони онҳо дастур додаанд.

"Намояндагони маъмурият аз кормандони таваққуфгоҳҳо хостанд, ки равғани рехтаи мошинҳоро бо истифода аз маводи кимиёӣ тоза кунанд, то нанамояд. Ҳамчунин огаҳ карданд, ки ин гуна санҷишҳо пайваста сурат хоҳанд гирифт. Дар сурати пайдо шудани доғи равғани муҳаррик онҳоро нахуст ҷарима мекунанд ва дар ҳолатҳои баъдӣ аз кор меронанд", - афзуд вай.

Ронандаҳо мегӯянд, дар як ҳолати ногувор қарор доранд, зеро дар Ишқобод тақрибан таваққуфгоҳи шахсӣ мавҷуд нест ва барои гузоштани мошин дар хиёбону кӯчаҳо ҳам наметавонанд маконеро пайдо кунанд.