Даҳҳо нафар дар пайи таркиши ду бомба дар беруни масҷиди воқеъ дар шаыри Бенғозии Либиё, кушта ва захмӣ шуданд.
Мақомоти бемористони маҳаллӣ мегӯянд, ки аз таркишҳои рӯзи 23 январ дастикам 27 нафар кушта ва 42 нафар маҷрӯҳ шуд.
Ба гуфтаи шоҳидон бомбаи аввал дар ҳоле мунфаҷир шуд, ки намозгузорон аз масҷид берун меомаданд. Бомбаи дуюм баъди 30 дақиқа, вақте таркид, ки гурӯҳҳои наҷот ва мардуми маҳаллӣ мехостанд ба захмиҳои бомбаи аввал кӯмак кунанд.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
Аз замони суқут ва куштори диктатори дарозумр Муаммар Қаззофӣ, дар соли 2011, Либиё ба гирдоби парешониву бесуботӣ ғарқ шудааст. Ин кишвар ду ҳукумати ба ҳам душман дорад, ки аз соли 2014 ба ин тараф, яке дар Триполӣ ва дигаре дар қисмати шарқии кишвар ҷойгир шудаанд.