Дар аёлати Кентуккии ИМА рӯзи гузашта навраси 15-сола бо силоҳ ба ҳамдарсонаш ҳамла кард.
Мақомоти Кентукки хабар доданд, ки ду наврас дар ин ҳодиса кушта шуд. Як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ва як писари дигар дар бемористон фавтид. Дар маҷмуъ дар ҳодисаи мазкур 17 одам ҷароҳат бардошт.
Пулис ҳамлагарро боздошт кардааст. Дар бораи шахсият ва ҳадафи ҳамлаи вай ҳоло иттилоъ дода намешавад. Мақомоти қудратӣ мегӯянд, нисбати ҳамлагар мумкин аст, бо моддаҳои куштор ва сӯиқасд ба ҷони одамон парванда кушоянд.
Ин нахустин ҳамла ба мактабҳои амрикоӣ дар соли 2018 аст, менависанд расонаҳо. Дар маҷмуъ, шуруъ аз соли 2013 ба ин тараф, тавассути силоҳ ба мактабҳои ИМА 283 ҳолати ҳамла сабт шудааст.