Мавзӯи Эрон дар меҳвари гуфтугӯҳои Тиллерсон дар Фаронса

Интизор меравад, рӯзи 23-юми январ дар мулоқоти котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ва вазири умури хориҷии Фаронса Жан Ив Ле Драйн дар Париж мавзӯи Эрон калидӣ шавад. Тиллерсон бо як сафари ҳафтаина дар Аврупо қарор дорад.

Баъд аз дидору гуфтугӯяш бо мақомоти Бритониё рӯзи 22-юми январ, Тиллерсон ба дарёфти пуштибонии Аврупо барои муҷозоти Теҳрон муваффақ шуд. Ин созиш берун шудани ИМА аз созишномаи ҳастаии Эронро бозмедорад.

Дар ҳамин ҳол, дар Брюссел Ле Драйн Теҳронро дар адами эҳтироми қатъномаи СММ муттаҳам кард ва гуфт, идомаи кори Эрон бо силоҳҳои баллистикӣ ба хотири дастёбӣ ба кӯлоҳакҳои ҳастаӣ созиши соли 2015-ро ба ҳам мезанад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, таҳдид кардааст, ки агар таҳримҳои байналмилалии Эрон сабуктар шавад, ИМА аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун мешавад. Зери ин созишнома Бритониё, Фаронса, Олмон, Чин ва Русия низ имзо кардаанд.