Табибон аз бадани тифли 11-моҳа дар вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзан пайдо карданд. Ин сӯзанҳо наздики 1 моҳ дар ҷисми кӯдак будаанд. Дар ин бора рӯзи 22 январ намояндаи вазорати тандурустии Узбекистон ба расонаҳо хабар дод.
Ба навиштаи расонаҳо, ин сӯзанҳо замоне пайдо шуданд, ки модари тифл ба табибон муроҷиат ва ӯро ташхис ё рентген кард. Ин тифл дар Маркази ҷумҳуриявии илмии кумаки тиббӣ дар шаҳри Тошканд ҷарроҳӣ шудааст.
Ҷарроҳӣ 9 соат давом кард ва табибон аз бадани тифл 13 сӯзанро берун оварданд. Бо назардошти синну соли вай, табибон тасмим гирифтанд, ки се сӯзани боқимондаро баъдтар берун оранд.
Профессор Ҳабибулло Акимов, роҳбари шуъбаи кӯдаконаи бемористон мегӯяд, аз он ҷо ки сӯзанҳо дар ҳар ҷои бадани тифл ҷойгир буданд, мешавад хулоса кард, ки вай ин сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Мақомот таҳқиқи ҳодисаи мазкурро шуруъ кардаанд.