Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, алайҳи се корманди вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои истифодаи шиканҷа парванда ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯ рӯзи 22-юми январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар ин бора хабар дод ва гуфт, онҳо ҳамчунин 8 шикоят дар бораи бадрафториву азият дарёфт кардаанд.
Ализода гуфт: “Як чизро қайд карданӣ ҳастам. На ҳамаи латту куб ва муносибати бераҳмона шиканҷа ҳисобида мешавад. Танҳо ҳамонаш аст, ки агар мақсад гирифтани нишондод бошад, мақсад гирифтани маълумот бошад. Ё нисбати худи шахси боздоштшуда ё нисбати наздикони вай. Ин шиканҷа намешавад. бо дигар моддаҳои кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад.”
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, на дар ҳама ҳолат шикоят дар бораи шиканҷа исбот мешаванд. Вале борҳо боздоштшудаҳо ё наздиконашон аз муносибати бераҳмонаи кормандони мақомот ҳангоми боздошт ё тафтишот ба расонаҳо шикоят кардаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, аз се пулисе, ки соли 2017 дар шиканҷа муттаҳам шуданд, ду нафар аз маъмурони пулиси вилояти Хатлон ва яке дигар аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт мебошанд. Аммо Зариф Ализода нагуфт, ки онҳо дар кадом ҳолат аз шиканҷа истифода кардаанд. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон барои ба даст овардани эътироф, муттаҳамон ба ҷиноятро шиканҷа мекунанд ва аз ҳукумат хостанд, ба ин тамоюли манфӣ хотима гузорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад