Вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 22 январ хабар дод, ки президент қарори ҳукумат дар бораи тағйири номҳои ҷуғрофии бархе шаҳру ноҳия ва деҳоти вилояти Хатлонро имзо кард. Бар асоси ин тағйирот, ки рӯзи 20 январ ва мутобиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтааст, номи
шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар
шаҳри Сарбанд ба шаҳри Леваканд
ноҳияи Бохтар ба ноҳияи Кӯшониён
шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук,
деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод,
деҳаи Шота Руставелии деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Саргаҳ,
деҳаи Тошохӯри деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба деҳаи Боғдара,
деҳаи Будинободи деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Зарриндашт иваз карда шуданд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.