Муфаттишон дар Русия ҳалокати як марди шикорчиро бозҷӯӣ мекунанд, ки ба бовари онҳо сагаш тасодуфан ба рӯи куланг по гузошта ба сӯи соҳибаш тир холӣ кардааст.
Ин марди 64-сола аз вилояти Саратов рӯзи 21 январ ҳамроҳ бо бародараш ба шикор рафта буд ва ӯ дар ҳоле тир хурд, ки сагашро аз "багажник"-и мошин сар дод, - мегӯяд бахши маҳаллии Кумитаи тафтишоти Русия.
"Куланг эҳтимолан фаъол буд ва ҳангоми берун ҷаҳидани саг аз мошин пойи ӯ ба куланг бархурд ва тир берун омад",- омадааст дар изҳороти Кумитаи тафтишот.
Марди шикорчӣ дар роҳ ба суи бемористон ҳалок шуд.
Дар изҳорот омадааст, ки гурӯҳи тафтишот дар чӣ шароит тир хурдани шикорчиро бозҷӯӣ мекунад.