Боздошти мафияи мошинрабоён дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон банда ё мафияи рабояндагони автомобилҳои гаронқиматро боздошт карданд. Хабаргузории русии “Интерфакс” авохири ҳафтаи гузашта аз қавли мақомот дар вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти гурӯҳи ҷиноии фаромиллӣ иборат аз шаҳрвандони Русия ва Қирғизистон хабар додааст.

Аз дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Қирғизистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дафтари таҳқиқоти вазорати умури дохилӣ дар ҳоли таҳқиқи ин парванда аст. Манбаъ дар ВКД Қирғизистон гуфтааст, ки бар пояи маълумотӣ оперативӣ, дар қаламрави Русия як гурӯҳи ҷиноӣ иборат аз шаҳрвандони Русия ва ҳамчунин Қирғизистон, ба рабудани мошинҳо сару кор доштанд.

Манбаи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ ба ҷаъли санадҳои васоили нақлиёти рабудашуда дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, сару кор доштанд. Илова бар ин, бо кӯмаки бархе аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ мошинҳоро ба таври ғайриқонунӣ аз марзи Қирғизистон гузаронидаанд.

Дар дафтари матбуоти вазорати дохилии Қазоқистон ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки тибқи маълумоти оперативӣ, мошинҳо аз Русия ба яғмо бурда шуда, тариқи Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон барои мубодила бо маводи мухаддир интиқол меёфтанд. Ба гуфтаи манбаъ, таҳқиқот 38 мавриди интиқоли ғайриқонуниро ошкор кардаааст.

Мақомоти вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтаанд, ки бештари васоили нақлиёти рабудашуда мошинҳои навъи "Лексус" "Тойота", "Мерседес", "Фольксваген" ҳастанд ва дар миёни онҳо мошинҳои рабудашуда аз қаламрави Гурҷистон ба Қирғизистон низ мебошанд.