Дар Ню-Йорк рӯзи 19 январ музокироти вазирони хориҷаи гурӯҳи «С5+1» (Осиёи Марказӣ ва ИМА) ҷараён гирифт. Дар ин нишаст Тоҷикистонро вазири умури хориҷа Сироҷиддин Аслов намояндагӣ кард. Дар ҷаласа мавзӯи амнияти минтақавӣ, муқобила бо терроризм, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам дурнамои ҳамкорӣ дар чаҳорҷӯби гурӯҳи мазкур баррасӣ шуд.
Аз ҷониби кишварҳои дигар дар ҷаласа вазирони хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва намояндаи доимии Туркманистон дар СММ иштирок карданд. Аз ҷониби ИМА ҷаласаро муовини котиби давлатии ИМА Ҷон Салливан гардонандагӣ кард.
Таҷрибаи ташкили ҷаласаҳои вазирони хориҷаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИМА аз соли 2015 шурӯъ шуда, то имрӯз чанд мулоқоте дар шаҳри Самарқанд ҷараён гирифт. Ин музокирот ба хотири баррасии ҳамкорҳои кишварҳои минтақа ва ИМА дар масоили амниятӣ ва иқтисодӣ баргузор мешавад.
Ахиран вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар як нишасти матбуотӣ нороҳатии кишвараш аз ин ҷаласаро таъкид кард ва гуфт, ки ИМА ба хотири пешбурди ҳадафҳои геополиткии худ ин ҷаласаро доир мекунад.