Палатаи ҳисоби Тоҷикистон масъулини "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба он муттаҳам кард ки як қисми саҳмияҳои бонкро бидуни тартиби муқарраршуда "бегона кардааст." Файзалӣ Аҳмадзода, як масъули Палатаи ҳисоб рӯзи 22-юми январ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз ҷониби саҳмдорони бонк ва ҳам роҳбарияти феълӣ саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳаҷми зиёда аз 64 миллион сомонӣ бидуни риояи тартиби муқарраршуда хусусӣ карда шудаанд.
“Аз ҷониби як қисм кормандони собиқ ва роҳбарияти кунунии “Тоҷиксодиротбонк” саҳмияҳои бонки номбурда ба маблағи зиёда аз 64 млн сомонӣ бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатгузориҳои нопурра ва ғайриқонунӣ хусусӣ гардонда шудаанд,”-афзуд Файзали Аҳмадзода.
Ҷаноби Аҳмадзода ҳамчунин гуфт, баъди муайян кардани ин ҳолат ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти масъул, саҳмияҳои хусусикардашуда “боз ба ҳолати аввала ва ба манфиати давлат баргардонда шуданд.”
Ба қавли ин масъули Палатаи ҳисоб, санҷиши мазкур бо дастури Дастгоҳи иҷроияи Президент сурат гирифтааст. Палатаи ҳисоб дар ҳоле ба хариду фурӯши як қисми саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк-ро эътироз мекунад, ки қисми бештари саҳмияҳои бонк дар дасти давлат қарор доранд. Масъулини "Тоҷиксодиротбонк" то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.