Боздошти писари 16-солаи тоҷик барои тамаъҷӯӣ дар Инстаграмм

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, як ноболиғеро бо иттиҳоми нашри иттилооти бадномкунанда дар Инстаграмм ва тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд.

Вазорат рӯзи 21-уми январ бо нашри хабаре дар вебсайти худ гуфт, ки “Кормандони милитсия муайян карданд, ки писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, хонандаи синфи 10-уми гимназия, дар телефони “Айфон-6” дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” саҳифа кушода, бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда маблағ ситонидааст. “

Ба навиштаи вазорат, ӯ рӯзи 16-уми январи имсол акси як духтари 20-сола ва сокини шаҳри Душанберо гирифта, дар Инстаграмм нашр карда ва аз дӯстдоштаи ӯ марди 27-сола, барои пок кардани аксҳои беобрӯкунанда 1000-сомонӣ талаб кардааст.

Кормандони милиса ӯро ҳангоми гирифтани 1000 сомонӣ дастгир кардаанд ва таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома доштааст. Дар Тоҷикистон солҳои ахир нашри аксҳои беобрӯкунанда дар Интернет ва тамаъҷӯӣ ба ин васила зиёд шудааст.