Обунаи маҷбурии намозгузорони узбак ба нашрияҳои расмӣ

Дар масҷидҳои Узбакистон имомҳо аз намозгузорон талаб доранд, ки ба нашрияҳои расмӣ обуна шаванд. Ба гуфтаи яке аз имомҳои маҳаллӣ, Идораи мусулмонони Узбекистон дастур додааст, ки барои обуна шудан ба нашрияҳо аз намозгузорон маблағ ҷамъ кунанд.

"Аз мо талаб доранд, бо пардохти 30-60 ҳазор сӯмӣ (3-6 долларӣ) ба нашрияҳое обуна шавем, ки касе онҳоро намехонад. Ба гуфтаи имом, агар мо обуна нашавем, масҷиди моро хоҳанд баст", - гуфт як сокини ноҳияи Янгиюл бо номи Шарифҷон рӯзи 17-уми январ.

Ба ҷуз ин, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, намозгузоронро маҷбур доранд, ки китоби нави муфтии Узбакистон Усмонхон Олимовро бо номи "Тафсири Ирфон" бар ивази 50 ҳазор сӯм (6,5 доллар) бихаранд.

"Медонам, ки ин китобро намехонам, вале маҷбур шудам, харам. Дар мо сокинон ба имомҳо гӯш медиҳанд ва бинобар ин, мақомот аз имомҳо истифода карда, сокинонро маҷбур месозанд, ки ба нашрия ва маҷаллаҳо обуна шаванд. Имомҳои мо вазифаҳои асосии худро гузошта, ба хаткашонӣ машғуланд", - мегӯяд Шарифҷон.

Имоми масҷиди "Эски қавунчӣ" дар Янгиюл Баҳодур Мадумаров тасдиқ кард, ки дар бораи обуна шудан ба нашрияҳо ва китоби нави муфтӣ бо намозгузорон суҳбат кардааст. "Вале ман танҳо тавсия додам", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи манобеъ, дар масҷидҳои дигари Узбакистон низ маъракаи обунаи иҷборӣ ба нашрия ва маҷаллаҳои давлатӣ идома доранд. Як имоми шаҳри Хива гуфт, Идораи мусулмонони Узбакистон онҳоро вазифадор кардааст, ки намозгузоронро барои обуна шудан ба нашрияҳои ҳукуматӣ даъват кунанд.

"Мо нақша дорем. Бояд 1 миллиону 300 ҳазор сӯм (ҳудуди 1600 доллар) пули обунаро ҷамъ кунем. Бинобар ин, ҳоло аз намозгузорон пул ҷамъоварӣ дорем. Агар ин маблағ камӣ кунад, маҷбурем, боқиро аз ҳисоби пулҳои хайриявӣ пардозем", - афзуд имом.