Дафтари "Мемориал" дар Назран оташ гирифт

Дафтари "Мемориал" баъди сӯхтор

Субҳи чаҳоршанбе дар дафтари созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора идораи Вазорати ҳолатҳои изтирории Ингушистон хабар дод. Аз сӯхтор касе осеб надид, вале ҷиҳози дафтар, компютер ва бахше аз санадҳо нобуд шуданд.

Созмони "Мемориал" дар Фейсбук навишт, ки дафтараш дар Назранро барқасдона оташ заданд. Навори дурбинҳо ду марди ҷавони ниқобпӯшро нишон медиҳад, ки барои боло шудан ба боми бино зина гузоштанд. Ин ду нафар аз бом ба ошёнаи дуюм ворид шуданд. Онҳо дар даст канистра доштанд. Дар дафтари раҳбари "Мемориал" дар Назран Темур Акиев як зарфи пластикии нимсӯхта паӣдо шуд, ки бӯи бензин медод.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 9 январ раҳбари дигари "Мемориал" Аюб Титиев дар Грозний боздошт шуд. Ӯро ба нигаҳдории маводи мухаддир муттаҳам карданд. Мақомот гӯё аз мошини Титиев бастаи хурди маводи мухаддир ёфтанд. Додгоҳ рӯзи 11 январ амри ба ду моҳ ҳабс шудани Титиеви 60-соларо содир кард. Ба гуфтаи вакили Титиев мақомот зерҳимояи ӯро ба эътироф маҷбур карданд ва наздикони ӯро аз хонаашон берун андохтанд.Титиев ба президенти Русия Владимир Путин нома навишт.

Моҳи декабри соли 2014 дафтари гурӯҳи ҳуқуқи башар, бо номи "Кумитаи зидди шиканҷа", дар Грозний оташ зада шуд.