Дар як мактаби шаҳри Кӯлоб филиали Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия боз мешавад. Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи славянӣ дар Кӯлобро ба тасвиб расонд.
Дар ин бора рӯзи 16-уми январ оҷонси "Интерфакс" хабар дод.
Филиали донишгоҳ дар назди як мактаби миёнаи маҳаллӣ боз шуда, ба шогирдон аз рӯи барномаи таълимоти ҳамагонии Русия дарс дода мешавад.
Филиали Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон бо номи “Мактаби миёнаи Русияву Тоҷикистон” дар мактаби рақами 7-и шаҳри Кӯлоб амал мекунад. Русия масъулияти таъмини ин мактаб бо таҷҳизоти зарурӣ ва маблағгузории онро пурра ба дӯши худ гирифтааст.