ИМА ва ИА тафтиши қазияи Мухторлиро аз Гурҷистон дархост карданд

Тазоҳуроти Гурҷистон ба тарафдорӣ аз Афғон Мухторлӣ

Вашингтон ва Брюссел ҳукми додгоҳи Боку алайҳи рӯзноманигори мухолифи ҳукумат - Афғон Мухторлиро маҳкум карданд ва аз Гурҷистон даъват намуданд, ки шароити рабуда шудани Мухторлиро тафтиш кунад. Рӯзноманигорро рӯзи 29 май дар Тбилисӣ рабуданд ва рӯзи дигараш хабар пахш шуд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Озарбойҷон аст.

Депатаменти давлатии ИМА бори дигар аз Гурҷистон даъват кард, ки шароити рабуда шудани Мухторлиро "саривақт ва ҳамаҷониба" таҳқиқ кунад.

Охири ҳафтаи гузашта, додгоҳи Озарбойҷон Афғон Мухторлӣ -муаллифӣ чандин мақолаи таҳқиқӣ дар бораи хонаводаи президент Алиевро бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Гурҷистону Озарбойҷон ба муддати шаш сол зиндонӣ кард.

Мақомоти Гурҷистон даст доштани худро дар рабуда шудани рӯзноманигор қотеона рад мекунанд, аммо таҳқиқҳои тӯлонии онҳо низ то ҳол самар надодааст. Ба думболи ИМА Иттиҳоди Аврпуо низ аз Тбилисӣ бозҷӯии "дақиқ ва шаффоф"-и қазияро дархост кард.

Аз рӯи ҳодисаи рабуда шудани рӯзноманигор Мухторлӣ дар Гурҷистон парванда боз шуда, раҳбари бахши истихбороти Вазорати умури дохилӣ ва раҳбари пулиси марзбон то анҷоми тафтиш аз мақомҳои худ барканор шудаанд.