Барои нахустин маротиба номи 50 нафар хушсалиқа аз тамоми Тоҷикистон эълон мешавад. Созмондиҳандагони озмуни ТОП-50 мегӯянд, озмун дигар бо шаҳри Душанбе маҳдуд нашуда, хушсалиқаҳоро аз тамоми кишвар ҷустуҷӯ хоҳанд кард.
Субҳон Ҷалилов, як масъули Радио "Ватан" ва яке аз созмондиҳандагони озмуни ТОП-50 рӯзи 15 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳои қаблӣ номзадҳо аз дигар минтақаҳо низ ба озмун пешниҳод мешуд, аммо имкони ба онҳо додани ҷоиза набуд.
Ба қавли ҷаноби Ҷалилов, “ин тасмим ба хотире гирифта шуд, ки мехоҳем доираи озмун васеътар шавад. Мехоҳем аз миёни якчанд нафаре, ки аз минтақаҳои Тоҷикистон дар даври интихобӣ пешниҳод шудаанд ба баъзе аз онҳо ҷоиза тақдим кунем.”
Субҳон Ҷалилов мегӯяд, баъди васеътар шудани доираи озмуни хушсалиқаҳо акнун номи озмун ҳам аз ТОП-50 ё 50 хушсалиқаи Душанбе ба ТОП-50 тағйир дода шуд.
Дар назар аст, ки номи 50 хушсалиқа, ки акнун аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, рӯзи 26 январ тайи як маросим дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и Душанбе эълон шавад. Ташкилкунандагони озмун мегӯянд, пешбарии номзадҳо то 20 декабри соли гузашта идома кард ва номи қариб 400 нафар ба озмун пешниҳод шудааст. Озмуни ТОП-50 имсол бори ҳафтум аст, ки баргузор мешавад.
Масъулони Радиои Ватан мегӯянд, арзёбии онҳо дар тӯли шаш соли охир нишон додааст, ки тақдими ҷоизаи ТОП-50 як андоза ба симову салиқа ва тарзи зиндагии сокинони Душанбе таъсир гузоштааст. Ба қавли онҳо, "дар муқоиса ба солҳои гузашта намуна ва идеал пайдо кардан дар пойтахт осонтар шудааст. Ёфтани нафаре, ки аз ӯ метавон тарзу тартиби зиндагӣ, тиҷорат, шинохта шудан ва мавқеъ ёфтанро омӯхт."
Ба иддаои масъулони озмуни "ТОП-50" солҳои ахир дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳрҳои марказӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, бахусус, тарзи либоспӯшиву одоби сухангӯӣ ва нишасту хез, муошират бо ҳамкорон коста шудааст ва яке аз ҳадафҳои ин озмун таъсир ба завқу салиқаи аҳли Душанбест.