Дар Миср се фарди мусаллаҳ як масеҳиро куштанд

Гурӯҳи Давлати исломӣ то кунун бештар аз 100 масеҳиро дар Миср куштааст.

Мақомоти Миср мегӯянд, афроди мусаллаҳ дар нимҷазираи Синаӣ, як марди масеҳиро бо тири туфанг куштаанд. Касе масъулияти ҳамларо, ки се нафар анҷом додаанд, то кунун бар дӯш нагирифтааст.

Ҳамла шаби 13-уми январ дар шаҳри Ал-Ариш маркази маъмурии шимоли Синаӣ сурат гирифтааст. Айни замон мақомоти Миср мегӯянд, ки ҳамла шабеҳи ҳамлаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аст, ки аз соли 2016 ба ин тараф дар Миср бештар аз 100 масеҳиро куштааст.