Рӯҳонӣ гуфт, Доналд Трамп "ба ҳадафаш нарасид"

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳукумати ӯ, натавонистанд, созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳониро “аз байн бубаранд”.

Ӯ гуфт, ки ин созиш як “пирӯзии мудавом” барои Эрон аст. Дар як суханроние, ки рӯзи 14-уми январ таввасути телевизионҳои Эрон мустақим нашр шуд, Ҳасан Рӯҳонӣ гуфт, “Трамп бо вуҷуди саъйи батакрор натавонист, созишро аз байн бубарад”.

Ҳасан Рӯҳонӣ бо ишора ба ин тавофуқ, ки соли 2015 байни Эрон ва Амрикову Бритониё, Чину Русия ва Олмону Фаронса ҳосил шуд, онро як пирӯзӣ барои кишвараш номид.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми январ гуфт, агар кишварҳои аврупоӣ, “камбудиҳои ваҳшатноки” тавофуқнома бо Эронро ислоҳ накунанд, Амрико аз ин созиш хориҷ мешавад.

Вале тарафҳои дигари созиш аз Амрико хостанд, ки ба ин тавофуқи чандҷониба пойбанд бимонад. Амрикову кишварҳои дигар мегӯянд, Эрон мехоҳад, силоҳи атомӣ бисозад, вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.