Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Тоҷикистон, 80 фарди куҳансол синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекунанд, ки 50 нафарашон зан ва 30 нафари дигар мардон мебошанд.
Ҳафтанома рӯзи 12-уми январ бо нашри хабари кӯтоҳе навишт, ки яке аз ин куҳансолон Фотима Мирзоқулова, сокини ноҳияи Ашт аст. Ба навиштаи “Ҷумҳурият”, Фотима Мирзоқулова, 13 - уми марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт таваллуд шуда, айни замон сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи мазкур ва яке аз куҳансолтарин шаҳрванди Тоҷикистон эътироф шудааст.
Ба навиштаи рӯзнома, пиразани тоҷик, 125 – сол дорад ва бемушкилӣ роҳ меравад ва аз саломатияш шикояте надорад. Хабарнигор аз қавли Фотима Мирзоқулова навиштааст: «Дар кандани канали Фарғона ширкат доштам ва хушҳолам, ки шоҳиди се давраи таърихӣ - Бухорои амирӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошам». Пиразани тоҷик соҳиби 8 фарзанд, 56 набера ва 180 абера будааст.