Ҳалокати 18 марзшикан ва боздошти 152 тан ҳангоми фирор аз Тоҷикистон. САДО

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар марзи кишвар 18 қочоқбарро аз байн бурданд ва 20 нафари дигарро дастгир кардаанд. Зимни натиҷагирӣ аз кори марзбонони тоҷик дар соли 2017 дар як ҷаласае дар ҳафтаи гузашта, мақомоти расмӣ гуфтанд, ки дар ин сол дар марз бо Афғонистон 31 маротиба задӯхурди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки соли 2017 сарҳадбонони тоҷик бештар аз 1700 кило маводи мухаддир, аз қабили ҳероину афюн ва тарёкро кашфу мусодира кардаанд, ки метавонист, “ҷони садҳо ҳазор нафарро дар хатар гузорад”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қатли 18 марзшикан ва боздошти 152 тан зимни фирор аз Тоҷикистон

Дар ин ҷаласа бо ҳузури Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтаанд, ки “Дар натиҷаи амалиёти вижаи хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои сарҳадӣ якҷо бо дигар ниҳодҳои қудратӣ 25 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тир, 9 дона норинҷаки дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидаанд.”

Яке аз задухурдҳои хунин дар марз охири соли равон ва рӯзи 2-уми декабр рух дод, ки дар натиҷа Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кушта шуд ва чаҳор сарбозу афсари дигар захм бардоштанд. Задӯхурд дар 16-километрии дур аз марзи Афғонистон дар мавзеи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Баъд аз ин вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки “дар мавзеи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дувоздаҳ қочоқбари мусаллаҳ – шаҳрвандони Афғонистон ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуданд. Дар азди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст”

Мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса се қочоқбари афғон кушта шуданд ва ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳ аст.

Чизи ҷолиби дигаре, ки марзбонони тоҷик дар ҷаласа гуфтаанд, ин аст, ки “марзбонон дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 152 нафареро дастгир карданд, ки аз ҷумлаи афроди дар кофтуков қарордошта мебошанд.“