Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳодисае, ки низоми ҳифзи марз бо Афғонистонро дигар кард


Акс аз соли 2013
Акс аз соли 2013

Кушта шудани Умедҷон Ҳасанови 27-сола пас аз 13 рӯзи хизмат дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон, рабурда шудани Ҳабиб Қарахонов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ аз суи қочоқбарони афғон ва кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз суи қочоқбарони афғон пурсарусадотарин ҳодисаҳои соли 2017 дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон унвон мешавад.

Мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нахустин ҳодисаи пурсарусадое, ки дар соли 2017 дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон сабт гардид, ин марги прапоршики қисми

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар даҳ соли ахир Хайриддин Аҳтамов нахустин сардори қисми марзбонист, ки аз сӯи қоҷоқбарон кушта мешавад. Ин ҳодисаро низ раисҷумҳур дар паёми рузи 22 декабраш ба вакилони Маҷлиси Миллӣ ва намояндагон ёдоварӣ кард.

марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ - Умедҷон Ҳасанов буд. Ӯ бо шилики 11 тир баъди 13 рӯзи хизмат дар марз кушта шуд.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, дар аввал гумон мерафт, ки ин ҳодиса аз сӯи қоҷоқбарон сурат гирифтааст, аммо баъди тафтиш додситонӣ ошкор кард, ки Умедҷон Ҳасанов аз сӯи ҳамхизматаш Алишери Абдуқодир кушта шудааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки мақомот дар моҳи сентябр аз рабуда шудани як сокини дигари ин ноҳия аз суи қоҷоқбарони афғон хабар дод.

Пас аз куштори афсар, рабурда шудани посбони ҳавзи моҳипарварӣ пурсарусадо шуд

Мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Ҳабиб Қарахонов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва посбони ҳавзи подполковник Тоҷиддин Насриддинзода ("Тоҷиддин-командир") пас аз ду ҳафтаи асорат аз чанги қочоқчиёни афғон озод карда шуд. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Тахори Афғонистон рӯзи 27-уми сентябр Ҳабиб Қарахонови 55-соларо ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.

Ҳабиб Қарахонов, сокини деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ ва посбони ҳавзи подполковники милиса, корманди шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташакили Вазорати корҳои дохилӣ Тоҷиддин Насриддинзода рӯзи 15-уми сентябр аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарон рабурда шуда буд. Он рӯз Ҳабиб Қарахонов ҳамроҳи Сайфиддин Насриддинов, падари "Тоҷиддин-командир" дар ҳавз якҷоя кор мекардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пай гуфтанд, ки барои раҳоии ин шаҳрванди кишвар аз чанги қочоқбарони афғон бо мақомоти Кобул вориди гуфтугӯ шуда, пас аз ду ҳафтаи асорат Ҳабиб Қарахонов аз суи кормандони ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ба ҷониби Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Ҳодисаи кушта шудани Умедҷон Ҳасанову рабурда шудани Ҳабиб Қарахонов аз суи қоҷоқбарони афғон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷкистон дар нуҳ моҳи соли 2017 бо қочоқчиёни маводи мухаддир 26 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда, 13 нафар қочоқчиёни маводи нашъовар кушта, 1 нафар захмӣ ва 19 нафар дигар дастгир шуданд.

Куштори полковник Хайриддин Аҳтамов дар марз

Аммо аз ҳама пурсарусадотари ҳодиса дар марз, ки дар охири соли 2017 рух дод, кушта шудани Хайриддин Аҳтамов, сардори қисми низомӣ дар як задухурд аз суи қоҷоқбарони афғон буд. Пас аз ин ҳодиса Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти расмӣ ё нота аз мақомоти Афғонистон тақозо кард, ки задухӯрди шаби 2-юми декабр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ)-ро ҷиддан таҳқиқ кунанд.

Мақомот гуфтанд, ки ин задухӯрд дар паи вуруди 12 қочоқбари афғон ба хоки Тоҷикистон сар зада, дар натиҷаи он полковник Хайриддин Аҳтамов, сардори як қисми марзбонӣ кушта шудааст. Дар ин ҳодиса чаҳор сарҳадбони дигари тоҷик захмӣ гардида, дар бемористон бистарӣ шуданд.

Баъди марги Аҳтамов чор фарзандаш нимаятим шуданд
Баъди марги Аҳтамов чор фарзандаш нимаятим шуданд

Нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба ҷониби Афғонистон супурда шуд. Дар ин ёддошт изҳори умед шуд, ки мақомоти Афғонистон омилони ин задухӯрдро, ки ба он сӯи Ому фирор кардаанд, боздошт карда, бо ҷиддӣ гирифтани назорати марз аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ менамоянд.

Вазорати умури хориҷӣ дар нотаи худ гуфта буд, "санаи 2-юми декабри соли 2017, соати 19:00, дар мавзеи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 12 қочоқбари мусаллаҳ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави ин кишар ворид шуданд. Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд."

Бунёди 150 дидбонгоҳ дар солҳои соҳибистиқлолияти Тоҷикистон

Зимнан, мақомоти интизомӣ гуфтанд, баъди рух додани ҳодиса додситонии ҳарбии Кӯлоб нисбати ин ҳодиса парванда боз карда, тафтишот шурӯъ шуд ва дар сурати ошкор шудани омилони ин ҷинояти вазнин онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Баъди ин ҳодиса ҷониби Афғонистон низ ба расонаҳо гуфт, ки Тоҷикистон гузаргоҳояшро баста ва талаб дорад, ки омилони марги полковник пайдо ва таслим шаванд.

Таҳлилгарони амниятӣ мегӯянд, ки ин ҳодисаест, ки дар даҳсолаи ахир рух надода буд, мақомотро водор кард, ки марзро ҷиддан назорат кунанд, то дигар чунин маворид такрор наёбад. Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар даҳ соли ахир Хайриддин Аҳтамов нахустин сардори қисми марзбонист, ки аз сӯи қоҷоқбарон кушта мешавад. Ин ҳодисаро низ раисҷумҳур дар паёми рузи 22 декабраш ба вакилони Маҷлиси Миллӣ ва намояндагон ёдоварӣ кард.

Ин ҳодисаҳо дар соли 2017 дар ҳоле сару садо пайдо кард, ки масъулони Қушунҳои сарҳадӣ мегуянд, дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон даҳҳо дидбонгоҳу комендатура сохта ба истифода дода шудааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангуи нируҳои марзбонӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷиҳати пурзур намудани сарҳади давлатӣ 17 отряди сарҳадӣ ва 9 комендатура мавриди тстифода карор дода шудааст.

Улуғхоҷаев гуфт, ки дар марзи Тоҷикистон 150 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 4 маркази таълимӣ гушоиш ёфт. Ҷаноби Улуғхоҷаев гуфт, ки дар соли 2016 низ дар отряди Панҷу Ҳамадонӣ ва Шамсиддин Шоҳин дидбонгоҳо сохта ба истифода дода шуда буданд.

Зимнан, мақомот мегӯяд, ки баъди ҳодисаҳои пурсару садо дар соли 2017, ки дар марз рух дод, марзбонон бештар ҳушёр мешаванд, то дигар ин гуна ҳодисаҳо такрор нашаванд.

XS
SM
MD
LG