Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ӯ бар асоси созиши ҳастаии соли 2015-и Эрон ва қудратҳои ҷаҳон рафъи таҳримҳоро тамдид хоҳад кард ва дар ҳоли ҳозир ин мувофиқатнома ба ҷои худ боқӣ хоҳад монд.
Аммо оқои Трамп рӯзи 12-уми январ дар як эъломия гуфт, ҳукумати ӯ мақомҳои баландпояи Эронро мавриди ҳадафи таҳримҳои нав қарор медиҳад. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бори охир барои коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон розӣ гардидааст ва хостори ислоҳот дар мувофиқатнома шуд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Амрико гуфтанд, алайҳи 14 шахсу ниҳодҳои Эрон, ки бо созиши атомӣ иртиботи мустақим надоранд, таҳрим ҷорӣ мекунанд. Дар миёни онҳое, ки шомили таҳрими нав шуданд, Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон низ ҳаст. Ӯ бародари Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон аст.