Намояндаи мардумӣ дар порлумони Эрон гуфт, ки дар ҷараёни эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дастикам 3,700 нафар боздошт шуд, дар ҳоле, ки Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ иддао кард, ки талошҳои ИМА ва Британия барои баҳам задани авзои кишвар хунсо шуданд.
Намояндаи ҷиноҳи ислоҳотталаб дар порлумони Эрон Маҳмуд Содиқӣ рӯзи 9 январ гуфт, ки теъдоди боздоштшудаҳо бештар аз онест, ки мақомот эълон кардаанд.
Сар аз 28 декабр эътирозгарон дар даҳҳо шаҳру навоҳии Эрон хашму норозигии худро алайҳи бекории фарогир ва фасодкории мақомдорон намоиш доданд. Баъзе тазоҳургарон ба сарнагун кардани Хоманеӣ - қудратмандтарин рӯҳонии муҳофизакор, ки низоми исломиро дар Эрон таҳким додааст, даъват карданд.
Хоманеӣ дар як пайғоми твитерӣ иттиҳомеро, ки Амрико ва ҳукуматҳои дигар онро рад кардаанд, такрор кард ва гуфт, ки дар паси эътирозҳо Ийолоти Муттаҳида ва кишварҳои хориҷии дигар қарор доранд.
Аз сӯи дигар ӯ эътироф кард, ки баъзе даъватҳои тазоҳургарон талабҳои "воқеъбинона ва қонунӣ" буданд, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надод.
Дар ҷараёни тазоҳуроти ахир дар Эрон дастикам 22 нафар кушта шуд.