Рӯзи сешанбе дар Лаҳистон якбора се мақоми баландпоя - вазири дифоъ Антонӣ Мачеревич, вазири умури хориҷӣ Витолд Вашчиковкийро ва вазири Муҳити зист Ян Шишкоро ба истеъфо фиристоданд. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, ин иқдом ба хотири беҳтар кардани равобит бо Иттиҳоди Аврпуо пиёда шуд, ки Варшаваро дар нақзи волоияти қонун муттаҳам мекунад.
Президент Анҷей Дуда, бар пояи машварати нахуствазир Матеуш Мораветский, вазири дифоро барои ҷараёни кунди ислоҳоти артиш ва муноқиша бо генералҳои асосӣ, вазири умури хориҷиро барои аз нигоҳи Брюссел дипломати камтаъсир будан, ва вазири муҳити зистро барои бурдинаи ҷангалҳо дар Беловежская пуша ва норозигии Додгоҳи Аврупо аз ин амал, аз мақом барканор кард.
Дигаргуниҳо баъди таъини Мораветский - вазири пешини молия ва банкдори собиқ ба мақоми нахуствазир, ҷараён гирифт. Ба гуфтаи нозирон амалҳои ҳуқуқии бенамунаи Иттиҳоди Аврпуо дар баробари сиёсӣ шудани сохтори додгоҳии Лаҳистон, мавқеи ҳизби ҳокими "Ҳуқуқ ва Адолат"-ро метавонад дар соҳаҳои дигар, бо шумули сиёсат ва муҳити зист низ заъиф кунад.
Ба гуфтаи Reuters Моравтеский рӯзи сешанбе бо ҳадафи гуфтушуниди ислоҳоти сохтори додгоҳӣ, ки асоси муноқиша бо Брюссел шудааст, ба Белгия сафар кард.