Субҳи 8 январ дастаи оташнишонҳа барои хомуш кардани сӯхтор дар ошёнаи болоии Бурҷи Трамп даъват шуданд, ки дар Манҳэттен, маркази Ню Йорк воқеъ буда, хонаи хусусии Трамп ва оилааш дар он ҷойгир аст.
Тасвирҳои макони сӯхтор оташнишонҳоро дар боми бурҷ ва фаввораи дудро аз як кунҷи ошёнаи болоӣ нишон медиҳанд.
Департаменти отанишонии Ню Йорк гуфт, дар бораи сӯхтор соати 7-и саҳар гузориш шуд ва ин ҳодиса ду захмӣ ба ҷой гузошт, ки вазъи якеаш ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи ин ниҳод сӯхтор аз расиши ноқил ба вуқуь паваст ва авзо зуд таҳти контрол гирифта шуд.
Бинои воқеъ дар хиёбони панҷуми Манҳэттен, дар наздикии Парки Марказӣ, аз апартаментҳои люкс ва марказҳои тиҷоратӣ иборат аст.
Дар вақти сӯхтор Трамп дар Вашингтон буд.