Дар Лос-Анҷелес рӯзи 7 январ 75-умин маросими супурдани ҷойизаи Golden Globe - яке аз ҷоизаҳои муҳими соҳаи синамо ва телевизион баргузор шуд.
Филми "Се билборд дар сарҳади Миссурӣ-и Мартин Макдонах беҳтарин драма эътироф шуд. Филм ҳамчунин барои сенарияи беҳтарин, беҳтарин нақши зан ва беҳтарин нақши мард ҷоизаи Golden Globe -ро дарёфт кард. Ин филм дар бораи як модари танҳо аст, ки мехоҳад пулис куштори духтари ӯро таҳқиқ кунад.
Гэрӣ Олдмен барои нақши драмавии Уинстон Черчил дар филми "Замонаи торик" ҳунарманди беҳтарин эътироф шуд ва ҷоиза дар бахши "Коргардони беҳтарин"- ро Гилермо дер Торо барои филми " Шакли об" гирифт.
Опра Уинфрӣ ровии телевизион, ки барои хизматҳояш дар соҳаи синамо ба ҷойизаи Сесила Б. Де Милля сарфароз гашт, бо гуфтори эҳсосӣ дар бораи мушкилоти нажодии гузашта ҳозиронро мутаассир кард ва суханронии ӯ шояд аз лаҳзаҳои хотирмони ин маросим боқӣ мемонад.
Golden Globe дар бахши "Беҳтарин сериали драмавӣ" ба "Достони хидматгор" насиб шуд, ки дар ин бахш аз сериали машҳури "Ҷангу тоҷу тахт" пеш гузашт. Иҷрогари нақши аввал дар сериали "Достони хидматгор" Элизабет Мосс беҳтарин ҳунарманди сериали драмавӣ эътироф гардид.
Филмии "Нелюбов"-и коргардони рус Андрей Звягинтсев, ки дар бахши филмҳои хориҷӣ пешбарӣ шуда буд, бе ҷоиза монд.