Нирӯҳои президенти Сурия Башор Асад шаҳри стратегии Синҷори вилояти Идлиб, дар шимолу ғарби ин кишварро тасарруф карданд. Дар ин бора рӯзи 7 январ Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсони Сурия ва гуруҳи ҷонибдори Асад - Нирӯҳои миллии дифоъ иттилоъ доданд.
Артиши Асад дар пайи тасарруфи шаҳри Синҷор ба фурудгоҳи низомӣ ва роҳи муҳими ҳамлу нақли заминӣ дастрасӣ пайдо кард. Моҳҳои ахир нирӯҳои ҳукумати Сурия мавзеъҳои худро ба таври назаррас густариш додаанд.
Идлиб охирин вилояти Сурия аст, ки тақрибан пурра аз ҷониби мухолифони Асад идора мешавад. Бештари навоҳии вилоят дар дасти гуруҳи "Ҳаёт Таҳрир-уш-Шом", гуруҳи аз нигоҳи идеологӣ наздик ба "ал-Қоида" аст.
Рӯзҳои 6 ва 7 январ дар натиҷаи бомбаборони Гутои Шарқии Сурия дасти кам 18 сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон ҷон бохтанд. Ба камияш 60 тани дигар захмӣ шудаанд. Гутои Шарқӣ ба монанди вилояти Идлиб дар дасти шӯришгарон буда, ҷузъи "минтақаҳои амн" аст. Ҳомиёни ҳуқуқ дар бомбаборони Гутои Шарқӣ нирӯҳои Сурияву Русияро айбдор мекунанд.