Путин насрониҳоро табрик кард ва гуфт...

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тамоми насрониҳои ортодокс ва мардуми кишварашро бо муносибати рӯзи мавлуди Исои Масеҳ табрик гуфт. Масеҳиёни ортодокс рӯзи мавлуди Ҳазрати Исоро ррӯзи 7-уми январ таҷлил мекунанд.

Дар баёнияи расмии Владимир Путин, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кард, омадааст, ки иди мазкур ба миллионҳо нафар эътиқодманд умеду хурсандӣ медиҳад ва онҳоро дар атрофи арзишҳои масеҳӣ муттаҳид мекунад.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфтааст, ки Калисои Русия ва дигар ҷараёнҳои масеҳӣ дар ҳифзи сулҳу субот ва муколамаи байни мазҳабҳо нақши бориз иҷро кардаааст.

Владимир Путин дар маросими ниёиш дар рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ дар як калисое дар шаҳри Санкт Петербург ширкат кард. Имрӯз на фақат дар Русия, балки дар Белорусу Миср, Эфиопияву Гурҷистон, Қазоқистону Македония, Молдова, Сербистон ва Украина рӯзи истироҳат эълон шудааст.