Шавкат Мирзиёев дар феҳристи даҳ раҳбари таъсиргузор

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба даҳгонаи раҳбароне ворид шудааст, ки имкони тағйир дар кишвари худ ва минтақаву ҷаҳонро доранд. Ин феҳрист аз тарафи шореҳони сиёсии яке аз нашрияҳои маъруфи Туркия – Derin Ekonomi – таҳия шудааст.

Оҷонси хабарии “Ҷаҳон” рӯзи 6-уми январ навишт, Мирзиёев аз рӯзи аввали расиданаш ба қудрат дар Узбакистон ба ислоҳоти густарда, аз ҷумла дар бахши иқтисоду сайёҳӣ, таъмини озодии виҷдон ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, даст задааст.

Ин нашрия яке аз қадамҳои муҳими Шавкат Мирзиёевро дар тӯли беш аз як соли раҳбарияш ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳо, бахусус, ҳамсояҳо донистааст.

Шавкат Мирзиёеви 61-сола аз соли 2003 то моҳи сентябри 2016 нахуствазири Узбакистон буд. Вай баъд аз тақрибан як ҳафтаи марги раиси ҷумҳури пешин Ислом Каримов ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президент расид.

Баъдан дар интихоботи рӯзи 4-уми декабри соли гузашта аз миёни чаҳор номзад пирӯз шуд.