Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи гузашта ҳукми вакили порлумон аз ҷиноҳи "Қирғизистон" Канатбек Исоевро эълон кард.
Канатбек Исоев, ки ба фасодкорӣ муттаҳам мешуд, 12 сол ҳукми зиндон гирифт. Додгоҳ ҳамчунин амри мусодираи дороиҳои Исоевро содир кард. Исоев ҳамчунин баъди адои ҷазо аз ҳақққи ишғоли вазифаҳои давлатӣ то се сол маҳрум шуд.
Сергей Слесарев, вакили дифои Исоев мегӯяд, умедвор буд, ки додгоҳ ҳукми одилона содир мекунад ва нафари таҳти ҳимояи ӯ ба озодӣ мебарояд. Вакили дифоъ ният дорад, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят барад.
Вакили порлумони Қирғизистон дар фурӯши ғайриқонунии замин дар солҳои 2009-2010 айбдор мешавад. Додгоҳ мегӯяд, Исоев замони фаъолияташ дар мақоми раиси шаҳри Токмак заминфурӯшӣ кардааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исоев моҳи майи соли 2017 кушода шуд.
Моҳи сентябри соли 2017 нисбати вакили порлумон парвандаи дувум аз рӯи банди омодагӣ ба "ғасби ҳукумат бо роҳи зурӣ" низ ифтитоҳ шуд.