Бахши ниҳоии сериали "Бозии тоҷу тахт" (Game of Thrones) соли 2019 ба намоиш медарояд. Дар ин бора сомонаи шабакаи телевизионии HBO рӯзи гузашта хабар дод. Рӯзи мушаххаси намоиши бахши ҳаштум ва ниҳоии сериал эълон нашудааст.
Моҳи сентябри соли 2017 маълум шуд, ки созандагони сериал чанд фарзияи бахши ҳаштумро ба навор мегиранд ва бо ин роҳ аз рахнагарӣ ва дуздии сюжаҳои филм ҷилавгӣ мекунанд.
Тобистони соли гузашта рахнагарони интернетӣ, ё ҳакерҳо шабакаи телевизиони HBO-ро шикастанд ва якуним терабайт маълумот дар бораи сериалро дастрас карданд. Онҳо ба ивази бозгардонидани ин маълумот аз шабака миллионҳо доллар бо биткоинро талаб карданд. Моҳи ноябр додситонии Ню Йорк аз рӯи дуздии маълумоти сиррӣ ва пулситонӣ, алайҳи ҳакери эронӣ Беҳзод Месрӣ айб эълон кард.
"Бозии тоҷу тахт" аз машҳуртарин сериалҳои амрикоист. Ба сурати умум, ин сериал дар таърихи мавҷудияташ 38 ҷоизаи "Эмми"-ро дарёфт кард.