Дар Душанбе боғи "Ҷавонон" бунёд мешавад

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст дар назди бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки миёни мардум бештар бо номи "Ҷазира" маъруф аст, боғ ва гулгашти ҷавонон таъсис дода шавад. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе 5 январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки корҳои сохтмонӣ аллакай шурӯъ шуда, интизор меравад дар тӯли соли ҷорӣ ин боғ мавриди истифода қарор дода шавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Усмонзода, масоҳати ин боғ 13,74 гектар буда, дар он "21 адад нуқтаи болопӯши истироҳатӣ, 1 қаҳвахона, 1 майдончаи варзишӣ ва як картодром барои рондани ин навъи воситаи нақлиётӣ сохта мешавад".

Манбаъ афзуд, ки ҳоло арзиши сохтмони ин боғ рӯшан нест, вале маблағҳо аз будҷаи шаҳрдорӣ ҷудо карда мешавад. Ба гуфтаи Абдумаҷид Усмонзода, дар поёнтари ин маҳал, ки рӯбарӯи бинои собиқи маъруф ба ВДНХ ҷойгир аст, Кӯли ҷавонон воқеъ мебошад ва дар маҷмӯъ ин макон ба маҳалли тафреҳии ҷавонони пойтахт табдил хоҳад ёфт.