Додгоҳи Украина Саакашвилиро паноҳанда эътироф накард

Михаил Саакашвилӣ

Додгоҳи минтақавии шаҳри Киев рӯзи 3 январ аз эътирофи президенти пешини Гурҷистон ва раҳбари ҳизби "Ҳаракати нирӯҳои нав" Михаил Саакашвилӣ ҳамчун паноҳанда ё шахсе, ки баъд аз лағви шаҳрвандияш дар Украина ба ҳимояти иловагӣ ниёз дорад, худдорӣ кард.

Вакилони дифои сиёсатмадор мегӯянд, тасмим доранд, ки аз рӯи қарори додгои шаҳри Киев ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят баранд. Саакашвилӣ аз додгоҳ хоста буд, ки қарори хадамоти муҳоҷирати Украина, дар бораи радди дархости паноҳандагияшро бекор кунад.

Ба президенти пешини Гурҷистон, ки шаҳрвандияшро дар ватанаш лағв шудааст, истирдод ба Гурҷистон таҳдид мекунад. Мақомоти он кишвар Саакашвилиро дар чандин ҷиноят айбдор медонанд. Шаҳрвандии Саакашвилӣ дар Украина ҳам бекор шуда, аммо ӯ қарори мақомоти Украинаро қабул надорад.

Пештар додгоҳи баррасии шикоятҳои Киев дархости додситонии Украина зидди Саакашвилиро то 11 январ ба таъхир гузошт. Додситонии Украина мегӯяд, ҳамоишҳои эътирозии ба раҳбарии Саакашвилӣ як бахши нақшаи Русия зидди Украина аст. Вале худи ӯ ин айбро рад мекунад.