Молики як бар, ё шаробхонаи Дания мегӯяд, як шиша водкаи русӣ, ки $1,3 миллион арзиш дошт, вале бима нашуда буд, аз коллексия ё маҷмӯи шишаҳои шаробҳои ӯ ба яғмо рафт.
Пулиси Копенҳаген рӯзи 3 январ тасдиқ кард, ки яғмогаре ба қаҳвахонаи 33, воқеъ дар маркази пойтахт ворид шуда, шишаи нодири Russso-Baltique-ро аз бар дуздидаст.
"Ман ин ин шишаи водкаро аз Русия, аз корхонаи бо номи Dartz factory, ки қимматтарин мошин ва шишаи водкаҳо дар ҷаҳонро тавлид мекунад, гирифта будам. Ин шиша шаш моҳ як бахши коллексияи ман буд, аммо дигар нест",- гуфт Брайн Ингберг, соҳиби бар ба теленвизиони TV2/Lorry.
Гуфта мешавад, ки шишаи Водкаи Russso-Baltique беназир аст ва бо истифода аз 3 кило тило ва 3 кило нуқра сохта шудааст. Гузашта аз ин, шиша бо чарме ороиш ёфтааст, ки ба мошини даванди Монте Карло, тавлиди соли 1912 рабт мегирад.
"Ман хеле нороҳат шудам, ин водка гули сари сабади коллексияи ман буд ва дар байни 1200 шишаи коллексионӣ ҷойи махсус дошт",- гуфт Ингберг.
Ин шиша баъди зоҳир шуданаш дар сериали "Хонаи Кортҳо" машҳӯртар шуд.