Эрониҳои муқими Гурҷистон рӯзи 3 январ дар назди сафорати Эрон дар Тбилисӣ, пойтахти Гурҷистон даст ба эътироз заданд ва истеъфои Ҳасан Рӯҳониро талаб карданд. Ҷамъомадагон, ки теъдоди онҳо ба даҳҳо нафар мерасид, дар баробари истеъфои раиси ҷумҳури Эрон, ҳамчунин риояи меъёрҳои демократӣ дар ватани худро матраҳ карданд. Бори дуввум аст, ки эрониҳои муқиби Гурҷистон дар назди сафорати Эрон, воқеъ дар маркази Тбилисӣ ҷамъ мешаванд, мегӯяд хабарнигори Радиои Озодӣ.
Эътирозгарон гуфтанд, ки бисёри онҳо бинобар фишорҳои мазҳабӣ маҷбур шуданд аз Эрон фирор кунанд. Ҷамъомадагон гуфтанд, "Нерӯҳои Посдори Инқилоб" ва мақомоти дигар онҳоро, ки масеҳӣ ҳастанд, саркуб карданд.
Ба гуфтаи тазоҳургарон, раиси ҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ бояд оҷилан истеъфо диҳад, то аз хунрезии густарда ҷилавгирӣ шавад.
Сар 28 декабр дар Эрон тазоҳуроти шаҳрвандон ҷараён дорад, ки даҳҳо шаҳру вилоятро фаро гирифтааст. Эътирозгарон, ки дар ибтидо бо норозигӣ аз нархҳои баланд ба кӯчаҳо рехтанд, баъдан мавзӯҳои сиёсиро матраҳ карданд. Дар ҷараёни эътрозҳо на камтар аз 20 нафар кушта шуд.