Марде барои ҳамхобагӣ бо духтари 10-солааш боздошт шуд

Дар Узбакистон сокини ноҳияи Избосканро бо гумони дастдарозӣ ба номуси духтари 10-солааш боздошт карданд. Ин хабарро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия рӯзи 2 январ ба Радиои Озодлик низ тасдиқ карданд.

"Тайи шаш моҳ модари духтар мушоҳида кардааст, ки шавҳари ӯ бо фарзандашон муносибатҳои шубҳаовари шаҳвонӣ дорад. Зан баъд аз пурра мутмаин шудан аз бадкории шавҳараш ба пулис муроҷиат мекунад", - гуфт як манбаъ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Избоскани вилояти Андиҷон мегӯянд, ҳоло зидди ин мард бар пояи банди 119 (Таҷовуз)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон парванда боз кардаанд. Банди мазкур аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Тавре маълум гашт, ӯ аз моҳи декабри соли 2016 ба номуси духтараш дастдарозӣ мекардааст. Ин амал бори охир моҳи июли соли 2017 рух додааст. Аз ин ҳодиса нахуст холаи духтарча огаҳ шуда, ба модараш хабар медиҳад. Модари духтар дар аввал бовар намекунад, вале баъди бо чашмони худ дидан ба пулис хабар медиҳад", - афзуд яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Избоскан.

Вазъи саломатии духтар дар ҳоли ҳозир, маълум нест. Хонаводаи ӯ аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекунанд.