Омурбек Бабанов, яке аз номзадҳо ба мақоми президенти Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябри имсол, комилан аз сиёсат канор рафт. Вай рӯзи 30-юми декабр дар як изҳорот гуфт, дар ин бора пеш аз интихоботи президентӣ қавл дода буд.
Матни изҳорот аз тарафи мушовири ӯ Мирсулҷон Намозалиев ба дасти расонаҳо расид. Омурбек Бабанов гуфтааст, “шаҳрвандони азизи Қирғизистон, изҳор медорам, ки аз сиёсат пурра берун рафтам. Аз ҷумла, аз кори ҳизбӣ низ. Ин тасмими содда ва осон набуд. Аммо ин ягона тасмими дуруст дар ин шароити мушкил аст.”
Бабанов, инчунин, аз ҳамаи онҳое, ки аз ӯ умед доштанд, узр пурсида, аз мақомот хостааст, ки тарафдорон ва ҳайати тими интихоботиашро таъқиб накунанд. Ӯ гуфтааст, “агар ҳар хатои сиёсӣ ҳам буд, пас, масъулияташ ба дӯши шахсан ман аст”.
Омурбек Бабанов номзади қавии мухолифон дар баробари Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон, дар интихоботи моҳи октябри имсол буд. Вай гуфтааст, аз ин ба баъд нирӯяшро барои кумак ба мардуми худ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ, хайрия ва маориф сарф хоҳад кард.
Бабанов баъди интихоботи моҳи октябр аз Қирғизистон берун рафтааст. Додситонии кулли Қирғизистон нисбат ба ӯ парванда боз кард.
Қаблан ин сиёсатмадор гуфта буд, ки дар хориҷа табобат мегирад, аммо аз кишвари хосе ном набурда буд.