Пулиси Эрон аз норозиён хост, ки ба эътирозҳо хотима диҳанд

Пулиси Эрон баъди боздошти даҳҳо нафар дар Теҳрон ва шаҳри ғарбии Кирмоншоҳ ба эътирозгарон ҳушдор дод ва хостори қатъи эътирозҳо шуд. Ин дар ҳолест, ки Амрико боздошти даҳҳо нафари норозӣ дар Эронро шадидан маҳкум кард.

Шуморе аз шаҳрҳои Эрон тайи ду рӯзи ахир шоҳиди эътирозҳои мардум алайҳи ҳукумат ва шароити иқтисодӣ буданд. Ин тазоҳурот рӯзи 28-уми декабр дар пайи нигарониҳо аз гароншавии нархи маводи ғизоӣ, аз ҷумла то чиҳил дарсад афзудани нархи тухми мурғ дар шаҳри Машҳаду Нишопур шурӯъ шуда, рӯзи 29-уми декабр дар Теҳрону Аҳвоз ва Қуму Кирмоншоҳ идома кард. Дар ин эътирозҳо мардум алайҳи ҳукумати Эрон шиор доданд.

Расонаҳои давлатии Эрон аз Муҳсини Ҳамадонӣ, муовини раиси Теҳрон, нақл карданд, ки гуфтааст, ҳеч иҷозае барои роҳандозии чунин эътирозҳо вуҷуд надорад.

Ҳусайн Ҳайдарӣ, раиси маҳкамаи инқилоби Машҳад, дар як изҳороти бесобиқа гуфт, “тазоҳурот ҳаққи мардум аст, аммо баъзеҳо мехоҳанд аз эҳсосоти мардум суистифода карда, ин мавҷро домана бизнанад.”

Пештар рӯҳониёни эронӣ ин эътирозҳоро зидди ислом хонда, маҳкум карданд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30-юми декабр роҳпаймоҳои саросарии солона ба ҳимоят аз ҳукумати Эрон баргузор шудааст. Бар асоси гузориши телевизионҳои давлатии Эрон дар шаҳри Машҳад иштирокдорони роҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, шиор додаанд.