Истгоҳи ба номи Мирзо Турсунзода дар метрои Тошканд

Бо дастури мақомоти ноҳияи Сергелии вилояти Тошканди Узбакистон, яке аз истгоҳҳои нави метро ба нишони ҳусни ният ва дӯстӣ, ба номи шоири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гузошта шудааст. Дар ин бора хабаргузории расмии Тоҷикистон -- "Ховар" рӯзи 26-уми декар хабар додааст.

Тошканд дар қатори Самарқанд, Бухоро ва Хива яке аз шаҳрҳои таърихӣ дар Осиёи Миёна ба шумор меравад ва солона шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ аз ин шаҳр дидор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир метрои Тошканд аз панҷ хат ва 29 истгоҳ ибора мебошад. Дар ҳоли ҳозир бештари ин истгоҳҳо ба шарафи шахсиятҳои таърихӣ чун Алишер Навоӣ, Бобур, Ғафур Ғулом, Абдулло Қодирӣ ва афроди дигар номгузорӣ шудаанд. Устод Мирзо Турсунзода дар Узбакистон низ аз маҳбубият бархӯрдор аст ва чандин асарҳои ӯ ба забони узбакӣ тарҷума шудаанд.

Устод Мирзод Турсунзода соли 1911 дар Қаратоғ ба дунё омада ва яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти тоҷик дар қарни 20-ум ба шумор меравад. Ӯ моҳи сентябри соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб дар канораҳои пойтахт ба хок супурда шуд.