Назарбоев: Путин – баргузидаи интихоботи президентии Русия аст

Владимир Путин, президенти амалкунандаи Русия номзади асосии интихоботи президентии моҳи марди соли 2018 хоҳад буд. Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 25 декабр дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳори назар кард.

"Владимир Владимирович Путин пешбарӣ шуд, ман ба вай муваффақият таманно дорам ва фикр мекунам, ки вай номзади баргузидаи интихобот аст. Бовар дорам, ки ин дуруст ҳам аст. Дар чунин даврони душвор, замоне ки Русия зери фишори давлатҳои Аврупо ва ИМА аст, Путин ҳамчун ходими давлатӣ бо ин фишорҳо муқобила мекунад ва мардумро ба пеш мебарад", - гуфт Назарбоев.

Вай ҳамчунин илова кард, ки муносибатҳои кунунии Қазоқистону Русия бояд "ҳифз шаванд".

Владимир Путин бори чаҳорум номзади интихоботи президентӣ мешавад. Дар маҷмуъ - бо назардошти чаҳор соли сарвазириаш дар солҳои 2008-2012 - Путин 18 сол инҷониб сари қудрат аст. Аммо Нурсултон Назарбоев 28 сол курсии президентии Қазоқистонро дар ихтиёр дорад.