Ҳазорон сокини Исроил дар хиёбонҳои Телавив роҳпаймоӣ карда, хостори истеъфои нахуствазир Бенямин Нетаняҳу шуданд. Ин роҳпаймоӣ рӯзи 23-юми декабр сурат гирифт.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, барои даст доштан дар фасоди идорӣ муттаҳам аст, вале худаш ин иттиҳомро рад мекунад.
Пулиси Исроил рӯзи 23-юми декабр гуфт, чандин ҳазор тан барои эътироз алайҳи ҳукумат дар Телавив гирдиҳам омаданд.
Онҳо дар шиорҳои худ Нетаняҳу ва аъзои ҳукуматашро ба фасодкорӣ айбдор намудаанд.