Бунёди бинои нави гумрук дар Мурғоб аз ҷониби ҳукумати ИМА

Сафорати ИМА дар ноҳияи Мурғоб бинои Хадамоти гумрукро бунёд ва ба мақомоти тоҷик тақдим кард. Маросими тақдими калидҳои бинои нави намояндагӣ дар маросиме рӯзи 21 декабр дар Душанбе бо ширкати Кордори сафорати ИМА Кевин Коверт ва Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб баргузор шуд. Сафорати ИМА хабар медиҳад, ки бинои нав дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Арт» воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон (қисмати шимолу шарқи кишвар) қарор дорад. Дар бинои мазкур 20 нафар имкори кор кардан доранд. Илова ба утоқҳои корӣ дар ин сохтмон утоқҳои хоб ва ошпазхона ҳам вуҷуд дорад.

“Кордори Сафорати ИМА Кевин Коверт фаъолияти муҳими Хадамоти гумрукро эътироф намуда ва такроран итминони эҳтироми ИМА-ро нисбат ба мустақилияти Тоҷикистон дар таъмини амнияти сарҳадоти худ изҳор намуд”, омадааст дар баёнияти матбуотии сафорат. Барои бунёди ин сохтмон аз буҷаи идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Департаменти Давлатии ИМА 767 ҳазор доллари ИМА ихтисос дода шудааст. Соли оянда ба хотири бо барқ таъмин намудани бино, маблағгузории насби турбинаҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобӣ дар назар аст.

Амрико мегӯяд, идораи муборизаи байналмиллалӣ алайҳи маводи мухаддир дар давоми 10 соли охир тақрибан 9 млн. доллари ИМА-ро барои кўмак ба таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон равона кардааст. Ин маблағ асосан барои сохтмони иншоот, омодасозии кадрҳо ва интиқоли таҷҳизоти зарурӣ масраф гардид. Ин кӯмак дар чаҳорчӯби Стратегияи ИМА барои Осиёи Ҷанубӣ дар амри таҳкими амният дар минтақа ироа мешавад.