Як занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонон боис шуд, ки мақомот дар шаҳри Панҷакент идомаи маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” қатъ кунанд. Ин маҳфил бо қарори раиси вилояти Суғд миёни донишҷӯён ва мактаббачагон “ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб ва дарёфти истеъдодҳо” баргузор мешавад.
Дар як навори видеоии нимдақиқагӣ, ки рӯзи 20-уми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, гурӯҳе аз ҷавонон дар дохили як толор ҳамдигарро лату куб мекунанд. Некрӯз Кенҷаев, мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ҳукумати шаҳри Панҷакент рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занозанӣ соати 14-и рӯзи 19-уми декабр миёни мухлисон рух дод ва касе ҷароҳат набардоштааст.
“Дар ин занозанӣ мактаббачагон иштирок надоштанд ва онҳое ширкат карданд, ки ҳамчун мухлис барои тамошо омада буданд. Ба мо маълум шуд, ки ин занозаниро ҷавононе ташкил кардаанд, ки аз Русия аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд. Он зуд тамом шуд ва касе осеб надид”, - гуфт ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон”, ки ҳоло дар Панҷакент баргузории онро қатъ карданд, дар тамоми вилояти Суғд идома дорад ва то охири ин моҳ бояд ҷамъбаст шавад. Мақсадулло Шарипов, мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Душанбе гуфт, қарор карданд, ки дигар ин маҳфилро дар миёни хонандагон идома надиҳанд.
Ӯ гуфт: “Ин ҷо хонандагон аз деҳаҳои дурдаст меоянд. Амнияти онҳоро мо кафолат дода наметавонем. Бинобар ин қарор додем, ки баргузории ин маҳфилро дар миёни хонандагон бубандем”.
Моҳи ноябри солги гузашта Абудраҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар бораи таъсис додани маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” қарор содир карда буд. Ҳадафи маҳфилро “ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб, дастгирӣ ва ҳавасмандкунии ҷавонони эҷодкор” унвон мекунанд.